Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар калисо зоҳир шудани Обама ва МакКейн


Довталабони курсии раёсатҷумҳурии Амрико аз ҳизби ҷумҳурихоҳ Ҷон МакКейн ва аз ҳизби демократ Барак Обама ба хотири касби орои пайравони дини масеҳӣ дар интихоботи моҳи ноябр рӯзи шанбе дар як калисои масеҳӣ дар аёлати Калифорния зоҳир шуданд. Дар суолуҷавобҳои алоҳида бо роҳиби инҷилгаро Рик Воррен ҳарду довталаб эътиқоди худ дар дини масеҳиро таъйид карданд.

Тақрибан чаҳоряки интихобкунандагони амрикоӣ худро пайрави ҷараёни муҳофизакори инҷилгаро мешуморанд ва орои онҳо дар таъйини барандаи интихоботи президентии Амрико омили муҳим дониста мешавад.
XS
SM
MD
LG