Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Воридоти газ аз Узбакистон афзоиш ёфтааст


Хабаргузории “Азия Плюс” менависад, Тоҷикистон як бахши қарзи ҷамъшудааш аз пули газро ба Узбакистон пардохт карда ва ба дунбол, Тошканд интиқоли гази табиӣ ба Тоҷикистонро афзоиш додааст. Муовини раиси ширкати “Тоҷикгаз” Шавкат Шоимов гуфтааст, феълан ҳар соат аз Узбакистон 35 000 метри мукааби газ ворид мешавад ва корхонаи “Тоҷиказот”, ки аз поёни моҳи июл кор намекард, фаъолияташро аз сар гирифтааст.

Тошканд қаблан ба далели ба 7 миллион доллар расидани қарзи Тоҷикистон интиқоли газ ба ин кишварро коҳиш дода буд.

XS
SM
MD
LG