Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медали ҳафтуми тилои Майкл Фелпс дар Пекин


Рӯзи шанбе, 16 август, дар Бозиҳои Олимпии Пекин шиновари амрикоӣ Майкл Фелпс медали ҳафтуми тилояшро ба даст овард. То кунун танҳо шиновари маъруф Марк Спитс ва он ҳам дар Олимпиадаи соли 1972 дар Мюнихи Олмон сазовори 7 медали тило шуда буд. Майкл Фелпс рӯзи шанбе масофаи 100 метрро дар зарфи 50,58 сония шино кард, ки рекорди олимпист.

XS
SM
MD
LG