Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Киев ҷӯёи ҳамкорӣ бо Ғарб дар масъалаи мушакҳост


Украина рӯзи шанбе изҳор дошт, ки омода ҳаст, низомҳои зиддимушакиашро дар дастраси кишварҳои Ғарб қарор диҳад. Русия дар авоили соли ҷорӣ ин созишномаро, ки аз ҷумла 2 пойгоҳи назорати зиддимушакӣ дар қаламрави Украинаро дар бар мегирифт, лағв кард. Вазорати хориҷаи Украина бо нашри як баёния гуфт, лағви ин созишнома аз сӯи Маскав ба Киев имкон медиҳад, дар масъалаи низомҳои зиддимушакӣ ва назорати моҳвораӣ бо кишварҳои дигар вориди ҳамкорӣ шавад.

Ихтилофи назари байни Украина ва Русия роҷеъ ба масоили сиёсати хориҷӣ пайваста дар ҳоли афзоиш буда, ин иқдоми ахири Киев ҳокист, ки Украина ҷӯёи қаробати боз ҳам бештар бо кишварҳои Ғарбист.

XS
SM
MD
LG