Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тифлис мегӯяд, як пули роҳи оҳанашро таркондаанд


Вазорати хориҷаи Гурҷистон рӯзи шанбе Русияро дар тахриби як пули роҳи оҳан дар масири калидие, ки манотиқи ғарби ин кишварро бо манотиқи шарқиаш мепайваст, муттаҳам кард. Русия ин иддаоро шадидан радд кардааст.

Бино ба хабарҳо, нирӯҳои Русия ҳамчунон дар дохили қаламрави Гурҷистон, аз ҷумла дар Гори, Поти ва Сенаки боқӣ монда, бо вуҷуди аз сӯи раисиҷумҳури Русия имзо шудани қарордоди оташбас, қасди хуруҷ аз ин манотиқро надоранд.

XS
SM
MD
LG