Пайвандҳои дастрасӣ

Медведев қарордоди оташбасро имзо кардааст


Бино ба хабарҳо, раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев қарордоди оташбас бо Гурҷистонро имзо кардааст.

Ҳамтои гурҷии ӯ Михаил Саакашвили ба ин созишнома рӯзи ҷумъа имзо гузошт.

Созишномаи оташбас, ки бо миёнҷигии раисиҷумҳури Фаронса Никола Саркози таҳия шудааст, иборат аз 6 банд буда, талаботе, чун хатми даргириҳо, хуруҷи нирӯҳо ва шурӯъи музокироти байналмилалӣ ба хотири таъйин сарнавишти Осетияи ҷанубӣ ва Абхозистон, минтақаҳои ҷудоиталаби Гурҷистонро дар бар мегирад.

XS
SM
MD
LG