Пайвандҳои дастрасӣ

Як мақоми амрикоӣ гуфт, Маскав Вашингтонро итминони хотир додааст, ки Русия қарордоди оташбас бо Гурҷистонро “дақиқан” иҷро хоҳад кард.

Нусхаи ин қарордод бо имзои раисҷумҳури Гурҷистон Михаил Саакашвили рӯзи шанбе, 16 август, ба дасти Маскав расид.

Бар замми даъват ба ақиб кашидани нирӯҳо, созишномаи оташбас, ки бо миёнҷигии ИА ва шахсан раисҷумҳури Фаронса Никола Саркозӣ, ки кишвараш феълан раёсати давраии ин Иттиҳодро бар ӯҳда дорад, таҳия шудааст, ҳамчунин бандҳое, чун музокироти байналмилалӣ ба хотири таъйини сарнавишти Осетияи ҷанубӣ ва Абхозистон, ҳарду минтақаи ҷудоиталаби Гурҷистонро дар бар мегирад.

Дафтари раёсати ҷумҳурии Фаронса мегӯяд, раисҷумҳури Русия Дмитрий Медведев тааҳҳуд супурдааст, ки ин созишномаи оташбасро имзо ва хуруҷи нирӯҳои кишвараш аз хоки Гурҷистонро таъмин мекунад.

Бо ин ҳол, раҳбарони Амрико пуштибонии қавии худ аз Тифлис дар ин низоъаш бо Русияро идома медиҳанд.


Раисҷумҳури Амрико Ҷорҷ Буш рӯзи 16 август дар паёми радиоияш иқдомоти низомии Русия дар Гурҷистонро як амали “барои кишварҳои озоди ҷаҳон комилан ғайри қобили қабул” унвон кард ва гуфт, ҷаҳон ба ишғоли қаламрави Гурҷистон аз ҷониби нирӯҳои Русия бо изтироб нигоҳ мекунад. Раисиҷумҳури Амрико гуфт, Русияро лозим аст, ба хотири эҳёи равобити ба дунболи ин низоъ хадшадоршудааш бо Амрикову Аврупо ва кишвари дигари дунё ҷиҳати хатми ин бӯҳрон иқдом кунад.

Аммо дар худи Гурҷистон, бино ба гузоришҳои расида, нирӯҳои Русия ҳамчунон дар шаҳри Гори, воқеъ дар наздикии марз бо Осетияи ҷанубӣ, дар Поти, шаҳри бандарие дар соҳияи баҳри Сиёҳ ва дар Сенаки, ки дохили қаламрави Гурҷиситон воқеъ аст, боқӣ мондаанд.

Низоъи мусаллаҳона байни Гурҷистону Русия бар сари Осетияи ҷанубӣ рӯзи ҷумъаи 8 август оғоз ёфт. Русия Гурҷистонро дар ҳамла ба Осетияи ҷанубӣ ва куштори шаҳрвандон ва сарбозони ҳомии сулҳаш дар ин минтақаи ҷудоиталаб муттаҳам карда, ба ин вилоят ва баъдан ба Абхозистон, яке дигар аз минтақаҳои ҷудоиталаби Гурҷистон нирӯ ворид кард. Ҷудоиталабон таҳти чунин ҳимояти қавии низомӣ аз сӯи артиши Русия нирӯҳои Гурҷистонро аз хоки ҳам Осетияи ҷанубӣ ва ҳам Абхозистон берун андохтанд. Нирӯҳои Русия ба дунбол, вориди дарунтари хоки Гурҷистон шуда, пойгоҳҳои низомии он кишвар дар Гори, Поти ва Сенакиро тахриб карданд. Дар асари задухӯрдҳо садҳо тан ҷони худро аз даст дода, низоъи мусаллаҳона байни Русияву Гурҷистон ҳамчунин мунҷар ба бехонавудар шудани даҳҳо ҳазор нафар шудааст.

Дар ҳамин ҳол, дипломатҳо мегӯянд, интизор меравад, Шӯрои Амнияти СММ то поёни ҳафта ба баҳси бӯҳрони Гурҷистон пардохта, ва созишномаи оташбас миёни Гурҷистону Русияро расмӣ гардонад.

XS
SM
MD
LG