Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Пирӯзии дуввуми Анвар Юнусов дар Пекин


Рӯзи шанбе, 16 август, дар Бозиҳои Олимпии Пекин муштзани тоҷик Анвар Юнусов дар даври ҳаштякниҳоии сабқати муштзанон дар вазни то 51кило бар рақибаш аз Бразил Роббӣ Нилсон Виера ғолиб омад. Ин дуввумин пирӯзии Анвар Юнусов дар Олимпиадаи Пекин буда, ӯ акнун рӯзи 20 август бо муштзани таиландӣ Сомҷит Ҷонҷоғор вориди рақобат хоҳад шуд. Дар сурати ғалаба дар даври чаҳорякниҳоӣ Анвар Юнусов як медали дигари олимпиро барои тими Тоҷикистон таъмин хоҳад кард.

То кунун танҳо медале, ки тими Тоҷикистон дар Бозиҳои Олимпии Пекин ба даст овардааст, медали биринҷии гуштигири маъруфи тоҷик Расул Боқиев дар сабқати гуштии дзюдост.

XS
SM
MD
LG