Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Анвар Юнусов дар чаҳорякниҳоӣ!


Муштзани тоҷик Анвар Юнусов дар Бозиҳои 29-уми тобистонаи олимпӣ дар Пекин дар сабқати бокс дар вазни то 51 кг ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфт.

Анвар дар дуввумин дидори худ бар варзишгар аз Бразилия Робенилсон Виэйра аз рӯи холҳо бо ҳисоби 12:6 пирӯз шуд. Ҳарифи навбатии ӯ дар бозии чаҳорякниҳоӣ варзишгари тайландӣ Сомҷит Ҷонгҷоҳор мебошад.

Хабарнигори Радиои Озодӣ Нарзуллоҳи Латиф, ки феълан, дар Пекин қарор дорад, дар сурати пирӯзӣ ӯ соҳиби ҳадди ақал медали биринҷӣ хоҳад шуд. Инчунин, Ҷаҳон Қурбонов низ ба чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфтааст ва сабқати ӯ рӯзи 19 август бо варзишгари Қазоқистон Еркебулан Шиналиев баргузор хоҳад шуд.

Воқеан, дар сафорати Тоҷикистон дар Чин нахустин барандаи медали биринҷии Бозиҳои олимпӣ аз Тоҷикистон Расул Боқиевро пазируфтанд ва сафири Тоҷикистон дар Чин Рашид Олимов ба Расул Боқиев ва мураббии ӯ Владимир Елчанинов аз Русия ҳадяҳои хотиравӣ тақдим кард. Ба ифтихори паҳлавони тоҷик хонандагони мактаби миёнаи рақами чори шаҳри Пекин консерт нишон доданд.

Тоҷикистон боз имкони ба даст овардани медалҳо дар риштаҳои бокс ва гуштии озод дорад. Виталий Карякин 19 август дар сабқати гуштии озод дар вазни то 60 кило ва Юсуф Абдусаломов рӯзи 21 август дар ин навъи варзиш дар вазни то 84 кило ба рақобатҳо шурӯъ мекунанд.

Инчунин, гурзандози маъруф Дилшод Назаров муборизаро барои медали олимпӣ идома медиҳад. Вай 17 август ҳамроҳи 11 нафари дигар дар гурзандози рақобат хоҳад кард. 18 август бошад шогирди ӯ Галина Митяева дар гурзандозӣ байни занон қувваозмоӣ хоҳад кард.

То ин замон Тоҷикистон бо як медали биринҷӣ дар байни 57 кишвари соҳиби медалҳои олимпӣ гардида, дар ҷойи 50-ум қарор дорад. Дар ҳисоби умумидастаӣ Чин бо касби 43 медал, 27 тилло, 10 нуқра ва 6 биринҷӣ дар ҷойи аввал аст.

XS
SM
MD
LG