Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гуфтугӯи телефонии Райс бо Лавров


Як мақоми амрикоӣ мегӯяд, вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров ҳамтои амрикоияш Кондолиза Райсро итминони хотир додааст, ки Русия созишномаи оташбас бо Гурҷистонро “дақиқан” иҷро хоҳад кард. Аммо ин хабар то ҳол аз ҷониби Маскав таъйид нашудааст.

Бино ба хабарҳо, Кондолиза Райс дар пайи боздидаш аз Тифлис, бо Сергей Лавров гуфтугӯи телефонӣ доштааст.

Ӯ дар Тифлис ба хуруҷи билофосилаи нирӯҳои Русия аз қаламрави Гурҷистон даъват кард. Раисиҷумҳури Гурҷистон Михаил Саакашвили баъд аз дидор бо вазири хориҷаи Амрико созишномаи оташбас бо Русияро имзо кард.

Ва раисиҷумҳури Амрико Ҷорҷ Буш субҳи шанбе, дар паёми радиоияш иқдомоти низомии Русия дар Гурҷистонро “комилан ғайри қобили қабул” номид ва аз Русия хост, ҷиҳати эҳёи равобити тахрибшудааш бо Амрико ва кишварҳои дигари ҷаҳон иқдом кунад: “Ба хотири оғози эҳёи равобити тахрибшудааш бо Ийолоти Муттаҳид, Аврупо ва кишварҳои дигар ва ба хотири эҳёи нақши худ дар ҷаҳон, Русияро лозим аст, ҷиҳати хатми ин бӯҳрон гом бардорад.”

Бино ба хабарҳо, нирӯҳои Русия ҳамчунон дар дохили қаламрави Гурҷистон фаъолият доранд ва қисмате аз нирӯҳои Русия ҳатто дар 40-километрии Тифлис қарор доштаанд.
XS
SM
MD
LG