Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Белград масъалаи Косоворо ба додгоҳ мекашонад


Сербистон мегӯяд, аз Додгоҳи байналмилалии адлияи СММ таҳқиқи машрӯъияти эъломи истиқлолияти Косоворо дархост хоҳад кард. Ҳукми додгоҳи адлия воҷибулиҷро нест, танҳо машваратист, вале вазири хориҷаи Сербистон Вук Еремич дар қароргоҳи СММ дар Ню-Йорк ба хабарнигорон гуфт, Белград ҳар қарореро, ки ин додгоҳ қабул кунад, хоҳад пазируфт.

Косово, ки бахши бузурги ҷамъияташро мусалмонони албанитабор ташкил медиҳад, дар моҳи феврал истиқлолияти худ аз Сербистонро эълон кард. Вале Белград то кунун шадидан мухолифи касби истиқлол кардани он қаламрави собиқаш аст.

XS
SM
MD
LG