Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гурҷистон санади оташбасро имзо кард


Мулоқоти вазири умури хориҷии Амрико, Кондолиза Райс (аз чап) ва президенти Гурҷистон, Михеил Саакашвилӣ. Тифлис, 15 августи соли 2008.
Мулоқоти вазири умури хориҷии Амрико, Кондолиза Райс (аз чап) ва президенти Гурҷистон, Михеил Саакашвилӣ. Тифлис, 15 августи соли 2008.

Бо миёнҷигарии Кондолиза Райс дар Тифлис созишномаи оташбас аз тарафи президенти Гурҷистон, Михаил Саакашвилӣ ба имзо расид.

Вазири умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида, Кондолиза Райс гуфт, президенти Гурҷистон, Михаил Саакашвилӣ ба созишномаи оташбас бо Русия имзо гузошт ва акнун ҳамаи нерӯҳои Русия ва ҳама гуна шибҳинизомиён ва мусаллаҳони ғайринизомӣ бояд ба таври фаврӣ қаламрави Гурҷистонро тарк кунанд.

Дар ибтидо, Саакашвилӣ мегуфт, барои ҳеч созишномае масъалаи тамомияти арзии кишварашро зери суол нахоҳад бурд. Тифлис хостори аз санад ихтисор шудани бандҳое роҷеъ ба баррасии байнулмилалии мақоми ҳуқуқии Осетияи Ҷанубӣ ва Абхозистон буд.

Райс дар Тифлис мегуфт, созишномаи пешниҳодӣ ҳарчанд гузаштҳое ба Русия дорад, бештар ба суди Гурҷистон аст ва аз манофеъи Гурҷистон дифоъ мекунад. Ба гуфтаи вай, масъалаи дараҷаи аввал хуруҷи нерӯҳои Русия аз Гурҷистон мебошад ва ин ҳуҷҷат ғолибан дар ин борааст, то роҷеъ ба мақоми ҳуқуқии манотиқи ҷудоихоҳи Гурҷистон.

Ҳанӯз қабл аз имзои шудани санад дар Тифлис, президенти Иёлоти Муттаҳида Ҷорҷ Буш, дар изҳороти наве Русияро дар тарс додани Гурҷистон айбдор кард ва тақозо намуд, Маскав нерӯҳояшро аз Гурҷистон барорад.

Буш гуфт, фишору тарсондан роҳҳои ғайриқобили қабул дар сиёсати берунаи қарни 21 мебошанд ва бояд истиқлолияту тамомияти арзии Гурҷистон эҳтиром шаванд.

Буш гуфт, "Ҷанги Сард ба поён расидааст ва давлатҳои зердасту манотиқи нуфуз дар гузашта мондаанд. Муносибатҳои ситезагарона бо Русия ба манфиати Амрико нест ва муносибатҳои ситезагарона бо Амрико ба манфиати Русия."

Паёми асосии президент Буш ин буд, ки Русия бояд ба ӯҳдадориҳояш дар мавриди ихроҷи нерӯҳо аз Гурҷистон садоқат нишон диҳад ва озодии ҳамсоягони худро эътироф намояд.

Ҳамзамон бо мулоқоти Райсу Саакашвилӣ дар Тифлис, дар Сочӣ гуфтушуниди садри аъзами Олмон Ангела Меркел ва президенти Русия, Дмитрий Медведев ҷараён дошт. Ҳарчанд ин дидор аз пеш тарҳрезӣ шуда буд, масъалаи Гурҷистон дар он мақоми аввалро ишғол кард. Меркел пас аз мулоқот гуфт, зоҳиран бархе аз амалкардҳои ҳарбии Русия дар Гурҷистон ба вазъи мавҷуда таносуб надорад. Меркел тамомияти арзии Гурҷистонро пояи асосии ҳама гуна тарҳи сулҳи минтақа номид. Президенти Русия Дмтирий Медведев гуфт:

"Шарикони мо ба ҳар тартиб бояд як чизро дақиқан дарк кунанд, ки чӣ ҳодиса рӯй дод. Пайомадҳои ҳодиса чистанд. Набояд дар ҷустуҷӯи як тарафи гунаҳкор бошад ва махсусан набояд ҳамаи гуноҳро бар дӯши Федерасиюни Русия бигузоранд. Балки ҳама корро барои ба камтарин сатҳ коҳиш додани пайомадҳои ин ҳодисаи фоҷиавӣ кунанд. Аз тарафи худ, мо омодаем, бо ҳама ба шеваи боз ва дилгармона ҳамкорӣ кунем. Ва намехоҳем равобитамонро ба касе ки бошад, коҳиш диҳем."
XS
SM
MD
LG