Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳимояти Медведев аз рафтори кишвараш


Дмитрий Медведев - раиси ҷумҳури Русия, аз амалкарди кишвараш дар Гурҷистон ҳимоят кард ва гуфт, дар сурати зарурат ва фишор ба Маскав, кишвараш боз ҳамингуна рафтор хоҳад кард. Пас аз мулоқоташ бо Ангела Меркел садри аъзами Олмон дар шаҳри Сочӣ, Дмитрий Медведев ҳамчунин гуфт, баъди ин муноқиша, зоҳиран Абхозистону Осетияи Ҷанубӣ дигар намехоҳанд, дар ҳайъати Гурҷистон бошанд. Ангела Меркел баъзе аз иқдомоти Русияро танқид карда, ирсоли нерӯҳо ба дохили Гурҷистонро “бетаносуб” номид. Вай аз нерӯҳои Русия хост, қаламрави Гурҷистонро тарк кунанд.

XS
SM
MD
LG