Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Буш хостори хуруҷи Русия аз Гурҷистон шуд


Президенти Иёлоти Муттаҳида Ҷорҷ Буш, дар изҳороти наваш Русияро дар тарс додани Гурҷистон айбдор кард ва хост, Маскав нерӯҳояшро бозпас хонад.

Буш гуфт, фишору тарсондан роҳҳои ғайриқобили қабул дар сиёсати берунаи қарни 21 мебошанд ва бояд истиқлолияту тамомияти арзии Гурҷистон эҳтиром шаванд.

Буш гуфт, "Ҷанги Сард ба поён расидааст ва давлатҳои зердасту манотиқи нуфуз дар гузашта мондаанд. Муносибатҳои ситезагарона бо Русия ба манфиати Амрико нест ва муносибатҳои ситезагарона бо Амрик ба манфиати Русия."

Паёми асосии президент Буш ин буд, ки Русия бояд ба ӯҳдадориҳояш дар мавриди ихроҷи нерӯҳо аз Гурҷистон садоқат нишон диҳад ва озодии ҳамсоягони худро эътироф намояд.

Изҳороти Буш дар ҳоле садо дод, ки вазири умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида, Кондолиза Райс, дар Тифлис бо сарони Гурҷистон масъалаи имзои ҳарчи зудтари созишномаи оташбасро гуфтугӯ мекард. Қабл аз Тифлис, Райс дар Порис бо президенти Фаронса, Николас Саркозӣ мулоқот кард ва ҳарду Маскаву Тифлисро ба имзои бетаъхири санади оташбас даъват карданд.

Райс дар Тифлис гуфт, созишномаи пешниҳодӣ ҳарчанд гузаштҳое ба Русия дорад, ба суди Гурҷистон аст. Ба гуфтаи вай, масъалаи дараҷаи аввал хуруҷи нерӯҳои Русия аз Гурҷистон мебошад ва ин ҳуҷҷат ғолибан дар ин борааст, то роҷеъ ба мақоми ҳуқуқии манотиқи ҷудоихоҳи Гурҷистон. Президенти Гурҷистон, Михеил Саакашвилӣ гуфтааст, ба ваҷҳи ҳеч созишномае масъалаи тамомияти арзии кишварашро зери суол нахоҳад бурд.

Ҳамзамон бо мулоқоти Райсу Саакашвилӣ, дар Сочӣ гуфтушуниди садри аъзами Олмон Ангела Меркел ва президенти Русия, Дмитрий Медведев ҷараён дошт. Ҳарчанд ин дидор аз пеш тарҳрезӣ шуда буд, масъалаи Гурҷистон дар он мақоми аввалро ишғол кард. Меркел пас аз мулоқот гуфт, зоҳиран бархе аз амалкардҳои ҳарбии Русия дар Гурҷистон ба вазъи мавҷуда таносуб надорад. Меркел тамомияти арзии Гурҷистонро пояи асосии ҳама гуна тарҳи сулҳи минтақа номид. Президенти Русия Дмтирий Медведев гуфт:

"Шарикони мо ба ҳар тартиб бояд як чизро дақиқан дарк кунанд, ки чӣ ҳодиса рӯй дод. Пайомадҳои ҳодиса чистанд. Набояд дар ҷустуҷӯи як тарафи гунаҳкор бошад ва махсусан набояд ҳамаи гуноҳро бар дӯши Федерасиюни Русия бигузоранд. Балки ҳама корро барои ба камтарин сатҳ коҳиш додани пайомадҳои ин ҳодисаи фоҷиавӣ кунанд. Аз тарафи худ, мо омодаем, бо ҳама ба шеваи боз ва дилгармона ҳамкорӣ кунем. Ва намехоҳем равобитамонро ба касе ки бошад, коҳиш диҳем."

Дар ҳамин ҳол бархе аз ҳампаймонҳои наздики Русия аз миёни ҷамоҳири собиқи шӯравӣ бо сукути худ дар масъалаи Гурҷистон ба наҳве аз Маскав фосила гирифтаанд. Ба ҳамин маънӣ сафири Русия дар Минск аз ҳукумати Беларус интиқод кард. Танҳо пас аз ин сарзаниш Минск аз ҳалокати одамон изҳори таассуф кард, вале дар мавриди низоъ бетараф истод.

Президенти Қазоқистон, Нурсултон Назарбоев, ки бо маҳорати тамом дар миёни Русия ва Иёлоти Муттаҳида мувозанатеро риоят мекунад, дар изҳороти наваш гуфт, ваҳдати Ҷомеъаи кишварҳои муштаракулманофеъ зери хатар аст. Вай афзуд, масъалаҳои печидаи қавмию миллӣ набояд бо истифода аз нерӯ ҳал шаванд.

Намояндаи Кумитаи Байнулмилалии Салиби Сурх, Анна Нелсон, рӯзи ҷумъа гуфт, ин созмон умедвор аст, ба зудӣ битавонад ба минтақаи ҷангзадаи Осетияи Ҷанубӣ дастрасӣ пайдо кунад. Ин дар ҳолест, ки Кумисариати олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон мегӯяд, афроди мусаллаҳ ба кормандони он дар ин минтақа таҳдид карда, ду мошини Созмони Милалро барои чанд соат рабудаанд.

Ва ба иттилоъи хабаргузории Ройтерз, эҳтимол меравад, Конгресси Иёлоти Муттаҳида дар қатъномае аз Кумитаи байнулмилалии олимпӣ лағви тасмими баргузориҳои бозиҳои олимпиро дар Сочии Русия дар соли 2014 талаб кунад.

XS
SM
MD
LG