Пайвандҳои дастрасӣ

Даъвати Олмон аз нерӯҳои Русия


Муноқишаи Гурҷистону Русия имрӯз ба як мавзӯи аслии баҳс дар нишасти хабарии Ангела Меркел – садри аъзами Олмон ва Дмитрий Медведев – раиси ҷумҳури Русия табдил ёфт. Баъд аз мулоқот дар шаҳри Сочӣ, Дмитрий Медведев аз Гурҷистон хост, барномаи сулҳи бо миёнҷигарии Фаронса таҳияшударо имзо кунад ва гуфт, баъди ҳодисаҳои ҳафтаи гузашта, зоҳиран Абхозистону Осетияи Ҷанубӣ дигар намехоҳанд, дар ҳайъати Гурҷистон бошанд. Ангела Меркел гуфт, Русия зимни амалкард дар Қафқоз аз нерӯи “бетаносуб” кор гирифтааст ва ҳамчунин аз нерӯҳои Русия хост, то қаламрави Гурҷистонро тарк кунанд.
XS
SM
MD
LG