Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кондолиза Райс вориди Тифлис шуд


Кондолиза Райс - вазири умури хориҷаи Амрико имрӯз вориди шаҳри Тифлис шуд, то бо Михайил Саакашвилӣ раиси ҷумҳури Гурҷистон масъалаи поён додан ба низоъ бо Русияро баррасӣ кунад.
Пеш аз сафараш ба Тифлис, хонум Райс дар Фаронса бо раиси ҷумҳур Николя Саркозӣ доир ба муноқишаи мазкур гуфтӯгу дошт. Ҳангоми вурудаш ба Тифлис, Кондолиза Райс гуфт, чанде аз бандҳои созиши оташбаси бо миёнҷигарии Николя Саркозӣ ҳосилшударо бояд возеҳ кунанд, то “аз манофеъи Гурҷистон ҳимоят шавад”. Кондолила Райс рӯзи панҷшанбе гуфт, “Гурҷистон, ки мо ба тамомияти арзӣ, истиқлол ва соҳибихтиёрии онро комилан эҳтиром мегузорем, бояд имкони бозгашт ба зиндагии оддиро дошта бошад”.
XS
SM
MD
LG