Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳдиди генерали рус ба Лаҳистон


Генерали рус Анатолий Ноговитсин таҳдид кард, ки агар Лаҳистон мушакҳои Амрикоро дар қаламрави худ ҷойгир кунад, Русия низ он кишварро ҳадаф хоҳад гирифт. Анатолий Ноговитсин - муовини раҳбари ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Русия, имрӯз дар шаҳри Маскав гуфт, ҷойгир кардани он мушакҳо “наметавонад беҷазо монад”. Рӯзи панҷшанбе Амрико ва Лаҳистон ба созиш расиданд, то 10 мушаки амрикоӣ чун бахше аз сипари дифоъи мушакии Иёлоти Муттаҳида дар Аврупо дар хоки Лаҳистон гузошта шавад. Генерали рус ҳамчунин гуфт, созишномаи мазкур равобити бар асари муноқишаи Гурҷистон латмадидаи Русиву Амрикоро "мушкилтар" хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG