Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи сафари Аҳмадинажод дар Туркия


Раиси ҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод мегӯяд, умедвор аст, Эрону Туркия ба зудӣ созишномаҳо дар мавриди интиқоли газ ва нерӯи барқро имзо хоҳанд кард. Маҳмуди Аҳмадинажод рӯзи панҷшанбе бо як сафари дурӯза вориди Туркия шуд, вале бар хилофи интизорот, дар ҷараёни ин сафар созишнома миёни Туркияву Эрон доир ба бунёди як лӯлаи азими газ ба имзо нарасид. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мухолиф аст, то Туркия бо Эрон чунин созишномаҳо имзо кунад.

XS
SM
MD
LG