Пайвандҳои дастрасӣ

Оромии фиребанда дар Қирғизистон


Гурӯҳи байнулмилалии пажӯҳиши бӯҳронҳо дар як гузориши тозае доир ба Қирғизистон мегӯяд, дар ин ҷо вазъи сиёсии ором, аммо фиребандае ҳукмфармост, ки метавонад ба зудӣ буғранҷ шавад.

Муаллифони гузориш мегӯянд, дар Қирғизистон, ки муддатҳои тӯлонӣ дар Осиёи Марказӣ як кишвари нисбатан демократӣ хонда мешуд, заминаҳо барои нооромӣ бештар мешавад ва нақши раисҷумҳур Қурмонбек Боқиев дар ин кам нест. Гурӯҳи байналмилалии пажӯҳиши бӯҳронҳо мегӯяд, Қурмонбек Боқиев баъди интихоботи дасткоришудаи соли 2007 низоми сиёсиро тағйир дода, порлумони фармонбардореро таъсис дод, ки дар зоҳир аз ду ҳизб ташкил ёфтааст, вале дар асл ҳама тарафдорону ҳомиёни Қурмонбек Боқиев мебошанд.

Мошини сиёсии ҳукуматро ҳам гурӯҳи хурде идора мекунад, ки ба қавле рули он асосан дар дасти аъзои хонаводаи раисҷумҳур аст. Аҳзоби сиёсии мухолиф дар канор мондаанд, оромии сунъиву фиребанда, саҳнаи сиёсии пурхӯрушу маъмулии пешинаи Қирғизистонро иваз кардааст. Аммо ин оромии фиребанда ба гуфтаи Гурӯҳи байналмилалии бӯҳронро, дер давом нахоҳад кард, чун фасодкории афзоянда ва бетафовутӣ ба сиёсат ва силсилаи бӯҳронҳои иқтисодӣ метавонад он оромиро то поёни соли оянда баҳам занад. Роҳеро, ки барои таҳкими қудраташ Қурмонбек Боқиев пеш гирифтааст, Аскар Оқоев, раисҷумҳури пешини Қирғизистон пеша карда буд, ки дар ниҳоят ӯро ба суқуту фирор аз ватанаш расонд.

Муаллифони гузориши ГББ мегӯянд, ёварони Қурмонбек Боқиев иддаъо мекунанд, ки таҳкими қудрат дар дасти раисҷумҳур барои пешгирӣ аз бесуботиҳост, ки солҳо боз гиребонгири Қирғизистон будааст, чун модели демократияи либералӣ дар кишвар ба гуфтаи онҳо ба нокомӣ дучор шудааст. Ба иддаъои ёварони раисҷумҳур Боқиев, барои рушди Қирғизистон дар ин марҳила модели феълӣ муносибтар мебошад. Аммо ҳарчанд ҳукумат барои рушди кишвар барномаи дусолаи хусусисозии густурдаро рӯи даст гирифтааст, аммо нишонаҳои каме аз иҷрои ин барнома ба назар мерасанд.

ГББ мегӯяд, ин нигарониҳо вуҷуд дорад, ки ҳукумати Боқиев асосан ба барномаҳои кӯтоҳмуддат ва шахсӣ бартарӣ дода ва масъалаҳои муҳими умдае аз ҷумла камбизоатӣ, тавсиаи бемории вируси норасоии масунияти бадан ва нашъамандӣ нодида хоҳад гирифт. Бо ин ҳама, ба гуфтаи Гурӯҳи байнулмилалии пажӯҳиши бӯҳронҳо, ҳукумати Қирғизистон худро осебпазир кардааст ва бояд дид, ки чӣ гуна зимистони имсолро паси сар мекунад. Афзоиши беҳади қимати маводи ғизоӣ, бӯҳрони энержӣ мардумро нороҳат ва асабонӣ кардааст. То кунун амалкарди ҳукумат дар рафъи бӯҳрон чандон муассир набудааст ва дар миёни мардуми Қирғизистон сарусадост, ки на танҳо идораи нодурусти иқтисод, балки аъзои ришвахори ҳукумати Қирғизистон низ ба бӯҳрони энержӣ мусоидат кардааст.

Гурӯҳи Байналмилалии Пажӯҳиши Бӯҳронҳо мегӯяд, бисёре аз соҳибназарон ва ҳатто ёварони худи раисҷумҳури Қирғизистон Боқиев хашми дарунии ҷомеа аз болоравии нархи маводи ғизоиву сӯзишворӣ, қатъи нерӯи барқ ва сатҳи бади хидматрасонӣ бо сард шудани ҳаво берун хоҳад рехт.

XS
SM
MD
LG