Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гуфтӯгуи Олмону Русия доир ба Гурҷистон


Муноқишаи Гурҷистону Русия бар сари минтақаи ҷудоихоҳи Осетияи Ҷанубӣ як мавзӯи асосии мулоқоти Ангела Меркел – садри аъзами Олмон ва Дмитрий Медведев – раиси ҷумҳури Русия хоҳад буд, ки имрӯз дар шаҳри Сочӣ баргузор мешавад. Мулоқоти мазкур пештар аз оғози муноқишаи Гурҷистону Русия барномарезӣ шуда буд, аммо ба гуфтаи расонаҳои олмонӣ мавзӯи аслии мулоқот ҳамин низоъ хоҳад буд. Интиқор меравад, Ангела Меркел аз Русия бихоҳад, ки барои ҳалли муноқишааш бо Гурҷистон аз роҳҳои дипломатӣ кор бигирад, то дар равобиташ бо Ғарб шикоф ба вуҷуд наояд. Хонум Меркел рӯзи якшанбе ба хотири дидору гуфтӯгу бо Михайил Саакашвилӣ ба шаҳри Тифлис меравад.

XS
SM
MD
LG