Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кондолиза Райс дар Гурҷистон


Қарор аст, имрӯз Кондолиза Райс - вазири умури хориҷаи Амрико бо Михайил Саакашвилӣ раиси ҷумҳури Гурҷистон мулоқот карда ва ба ҳимояти Амрико аз Гурҷистон дар муноқишааш бо Русия таъкид кунад. Пеш аз сафараш ба Тифлис, хонум Райс дар Фаронса бо раиси ҷумҳур Николя Саркозӣ доир ба муноқишаи мазкур гуфтӯгу дошт. Аввали ин ҳафта бо миёнҷигарии Николя Саркозӣ Гурҷистону Русия барои хотима додан ба ҷанг ба созиши оташбас муфовиқат карданд. Кондолила Райс рӯзи панҷшанбе гуфт, “Гурҷистон, ки мо ба тамомияти арзӣ, истиқлол ва соҳибихтиёрии онро комилан эҳтиром мегузорем, бояд имкони бозгашт ба зиндагии оддиро дошта бошад”.
XS
SM
MD
LG