Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА хостори қатъи муҳосираи бандари Потӣ мешавад


Иёлоти Муттаҳида аз Русия талаб хоҳад кард, ки дастрасии озоди киштиҳо ба бандарҳои Гурҷистонро таъмин намояд. Дар ин бора дар сӯҳбат бо хабаргузории Рейтер муовини ёвари Котиби давлатии ИМА Мэтю Брайза иттилоъ дод. Мақомоти Русия ҳама сару садоҳоро дар мавриди он ки киштиҳояш соҳилҳои баҳрии Гурҷистонро таҳти назорат доранд, рад мекунанд. Ва аммо рӯзи чаҳоршанбе ширкати давлатии нафти Озарбойҷон изҳор намуд, ки киштиҳои русӣ ба як киштии нафткашони ин ширкат барои берун шудан аз бандари шаҳри Потӣ иҷоза надодаанд.

XS
SM
MD
LG