Пайвандҳои дастрасӣ

Вазорат иттилоъи Саакашвилиро рад кард


Вазорати умури дохилаи Гурҷистон иттилоъ дар бораи ҳаракати тонкҳои Русия ҷониби шаҳри Кутаисиро рад кард. Намояндаи вазорат Шота Утиашвилӣ ба хабарнигорон гуфт, ки нерӯҳои Русия дар мавқеъҳои пешини худ қарор доранд ва, ба иттилоъи мақомоти Гурҷистон, “нияти сӯи Кутаисӣ ё сӯи Тифлис ҳаракат кардан надоранд”.

Михаил Саакашвилӣ, раисиҷумҳури Гурҷистон бегаҳи панҷшанбе изҳор карда буд, ки тонкҳои Русия сӯи шаҳри Сенакӣ ҳаракат мекунанд. Ба гуфтаи ӯ, ҳадафи нерӯҳои русӣ ишғоли шаҳри Кутаисӣ, воқеъ дар ғарби Гурҷистон аст.

Ба иттилоъи хабаргузориҳо, рӯзи панҷшанбе низомиёни Русия назорати шаҳри Горӣ, воқеъ дар маркази Гурҷистонро ба ихтиёри кормандони полиси гурҷӣ вогузоштанд. Ва аммо ҳамзамон хабар расид, ки хуруҷи нерӯҳои русӣ аз ин шаҳр то ду-се рӯзи дигар ба таъхир уфтодааст.
XS
SM
MD
LG