Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Киев ба Тифлис пайравӣ мекунад?


Ба Верховная Радаи Укроин тарҳи қонун дар бораи лағви созиш оид ба таъсиси Ҷомеъаи кишварҳои ҳамсуд ё СНГ ворид шуд. Муаллифи тарҳ вакил аз фраксияи президентии “Укроини мо-Худдифоъи мардумӣ” Юрий Костенко мебошад. Дар сурати пазируфта шудани ин пешниҳод Укроин Ҷомеъаи кишварҳои ҳамсудро тарк хоҳад гуфт.

Рӯзи панҷшанбе порлумони Гурҷистон якдилона пешниҳоди президент Михаил Саакашвилӣ дар бораи берун шудани ҷумҳурӣ аз Ҷомеъаи кишварҳои ҳамсудро пазируфт. Саакашвилӣ аз мақомоти Укроин ва дигар кишварҳои узви СНГ даъват кард, ки ба ин иқдоми Тифлис пайравӣ кунанд.
XS
SM
MD
LG