Пайвандҳои дастрасӣ

Мушкили Эрон ва Туркия барои бунёди лулаи газ


Раисиҷумҳури Туркия Абдуло Гул ва ҳамтои эронияш Маҳмуди Аҳмадинажод дар Стамбул музокирот анҷом доданд. Дар поёни ин гуфтушунид ду кишвари ҳамсоя дар мавриди ҳамкориҳо дар мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ва рушди равобит дар бахшҳои ҷаҳонгарӣ ва фарҳанг санадҳоро имзо карданд. Ва аммо ғайриинтизор, имзои қарордод дар бораи бунёди хати нави лулаи интиқоли газ, ки бояд аз қаламрави ду кишвар убур кунад, ба таъхир уфтод. Ҷонибҳо иллати имзо нашудани ин санадро ташреҳ накарданд ва фақат гуфтанд, ки музокирот дар ин мавзӯъ идома хоҳад ёфт.
XS
SM
MD
LG