Пайвандҳои дастрасӣ

Мавқеъи Саакашвилӣ пас аз даргириҳои шадид


Ҳарчанд дар рӯзҳои, ба қавле, сахти Гурҷистон мардуми ин кишвар дар атрофи раисиҷумҳур Михайил Саакашвилӣ сарҷамъ шуданд, аммо ӯ худро ҳоло дар мавқеъи ниҳоят осебпазире дарёфтааст.

Дар худи Гурҷистон ва кишварҳои ғарбӣ акнун ин андеша боло мегирад, ки худи Михайил Саакашвилӣ саросема ба Русия иҷоза дод, то онро ба коми ҷанг бо душмани пурқудрате бикашад. Аз сӯи дигар дар Гурҷистон ибрози яъсу ноумедӣ карданд, ки Ғарб дар ин ҷанги сахт танҳо бо сухан аз Тифлис ҳимоят намуд. Бисёре аз гурҷиҳо, интизор доштанд, ки қудратҳои ғарбӣ ба нерӯҳои Гурҷистон кӯмак хоҳанд кард, то танкҳои Русияро, ки ба дили кишвар низ ҳаракат карданд, қафо гардонанд. Дар ин замина Ираклий Аласаниа сафири Гурҷистон дар Созмони Милал эҳсоси кишварашро ба Радиои Озодӣ чунин баён кард:

«Ман ноумедии аксари шаҳрвандони кишвар аз адами ҳимояти наздики Ғарбро дарк мекунам. Аз ҷумла кӯмаки низомӣ, чун медонам ки бисёре аз гурҷиҳо умедвор буданд, Ғарб ба ин қазия дахолат хоҳад кард. Ба андешаи ман, мо бояд инро ба инобат бигирем. Аз ин пас бояд ҳар қарори сиёсӣ бояд боэҳтиёт ва оромона қабул кунем. Танҳо дар он сурат мо метавонем воқеъан ба ҳадафҳои хуб бирасем. Мо набояд интизороти мардуми Гурҷистон ва худро бисёр боло барем, ки Ғарбиҳо барои ҳалли ин муноқиша аз роҳи низомӣ дахолат мекунанд».

Ҳушдори сафири Гурҷистон Ираклий Аласаниа доир ба интизороти беш аз ҳад, баёнгари он аст, ки пас аз фурӯ нишастани муноқиша баҳсҳо доир ба раҳбарии Михайил Саакашвилӣ то ба куҷо мекашад. Ин суолҳо матраҳ мешавад, ки магар раиси ҷумҳур Саакашвилӣ дар ҳимояти Ғарб аз кишвараш муболиға накард? Ё ба ибораи дигар агар аз ғарб ваъдаи қотеъи кӯмаки низомӣ надошт, магар зиракона амал кард, ки ба иғвои Русия дода шуд? Торнике Шарашенидзе - таҳлилгари гурҷӣ, ҳамингуна меандешад ва мегӯяд, тасмими ҳукумати Гурҷистон барои ирсоли нерӯҳо ва ҳамла ба Осетияи Ҷанубӣ дуруст набуд.

«Ман бахусус доир ба баъзе аз мақомоти олирутбаи ҳукумат назари хуб надорам, ва шубҳа дорам, ки онҳо вазъи пешмеомадаро пешбинӣ мекардаанд. Чунин ба назар мерасад, ки Саакашвилӣ он замон мутаасифона таҳти таъсири дигарон буд. Мо дар воқеъ ба иғвои Эдуард Кокойтӣ раиси ҷумҳури худхондаи Осетияи Ҷанубӣ посух додем. Кокойтӣ ё аз гумроҳӣ ва ё аҳмақӣ амал кард ва ба мавқеъҳои мо ҳамла намуд, мо ҷавоб додем. Мо худдорӣ карда натавонистем ва ба Схинвалӣ ҳуҷум кардем, ки ин албатта хато буд».

Ва зоҳиран дар баҳсҳо ба ҳамин хато тавваҷӯҳ хоҳад шуд, ки хатои дониста буд ва ё ноогоҳона аз вазъ? Магар Саакашвилӣ медонист, ки Ғарб кӯмаки низомиаш нахоҳад кард вале боз ҳам корашро анҷом дод ва ба ин бовар дошт, вале мисли ҳамватанонаш ноумед шуд? Ҳарчанд ҳоло наметавон ба хулосае расид, ки ӯ инро медонист ва ё намедонист, аммо баъзе аз гуфтаҳо нишон аз ҳоло ба оташи ин баҳс рӯған мерезанд.

Масалан рӯзномаи Ню Йорк Таймс навиштааст, ки моҳи гузашта Амрико ба Гурҷистон ҳушдор додааст, бо Русия ҷанг накунад, зеро пирӯз намешавад. Ин рӯзнома аз қавли манобеъи худ дар вазорати умури хориҷаи Амрико навиштааст, ки 9-уми июл Кондолиза Райс вазири умури хориҷа ба Михайил Саакашвилӣ гуфтааст, ки дар музокирот бо манотиқи ҷудоихоҳаш танҳо роҳи мусолиматомезро пеша кунад.

Акнун баҳси дигаре дар Ғарб шояд ба миён ояд, ки оё кишварҳои ғарбӣ иқдоми аз ҳад зиёд карданд, то Саакашвилӣ ба ин андоза шуҷоъ шуд ва оё ӯ ҳамкори беҳтарин барои Ғарб аст. Ин танҳо чанде аз суолҳоест, ки доир ба рафтори Саакашвилӣ ва муносибаташ бо Ғарб ба миён омадааст ва суолҳои зиёди дигаре рӯ хоҳад зад, ки бо фурӯ нишастани муноқиша Михайил Саакашвилӣ ба онҳо рӯ ба рӯ хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG