Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баёнияи ҷиддии Гейтс доир ба Русия


Вазири дифоъи Амрико Роберт Гейтс мегӯяд, агар Русия аз сиёсати ба гуфтаи вай “тавовуҷгарона”-аш дар Гурҷистон даст накашад, ба равобити Амрикову Русия дар солҳои зиёди оянда таъсири баде хоҳад гузошт. Зимни нишасти хабарӣ дар вазорат, Роберт Гейтс гуфт: "Рафтори Русия дар ҳафтаи гузашта тамоми заминаҳо барои муколамаи Амрикову Русияро зери суол бурд ва барои муносиботи низомии мо, ҳам равобити дуҷониба ва ҳам дар доираи НАТО паёмадҳои манфии амиқе хоҳад дошт. Ва агар Русия аз ҳолати таҷовузгаронаи худ дар Гурҷистон пас нагардад, метавонад ба ҳамкориҳои Амрикову Русия дар солҳои оянда таъсири хусуматолуд гузорад." Аммо гуфт, Роберт Гейтс Амрико ҳеҷ нияте барои Ҷанги нави сард надорад. Вай афзуд, низомиёни Амрико дар Гурҷистон танҳо дар амалиётҳои башарӣ ширкат хоҳанд кард ва ӯ заруратеро барои истифодаи нерӯҳои Амрико дар муноқиша намебинад.

XS
SM
MD
LG