Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷопониҳо боз ҳамагонро дар ҳайрат мегузоранд


Олимони ҷопонӣ, ки бо кашфиёти худ дар соҳаи фанновариҳо ҳамеша ҷаҳониёнро дар ҳайрат гузоштаанд, резини наве сохтаанд, ки мисли ноқилҳои барқӣ хосияти интиқоли нерӯи барқро дорад.

Ҳарчанд, тавре медонем, устоҳои оддӣ барои амнияти хеш ҳангоми таъмири ноқилҳои барқӣ дар хона ва ё кор дар истгоҳҳои тақсими барқ аз дастпӯшакҳои резинӣ истифода мекунанд, ки хосияти нақли нерӯро надорад. Пас аҳамияти сохтани резини дорои хосияти ноқил чӣ аст?

Кашшофони ин резини нав мегӯянд, абзори зиёде ҳаст, ки резини мазкур дар он истифода хоҳад шуд. Пажӯҳишгарони Донишгоҳи Токио мегӯянд, резини мазкурро метавон ҳамчун пӯст барои роботҳо истифода бурд, ки батадриҷ ба зиндагии ҳаррӯзаи инсоният ворид мешаванд, албатта ҳоло на дар Тоҷикистон. Ҳарчанд то кунун резинҳое, ки хосияти ноқили барқиро доранд дар фурӯш буданд, аммо резини нави олимони донишгоҳи Токио комилан дигар будааст. Резинҳои қаблӣ, ки ба таркибашон зарраҳои карбон ворид карда шудааст, хосияти интиқоли нерӯи барқро доранд, аммо на ба андозае, ки даркор аст. Аммо резини нав аз навъи қадимаи он 570 маротиба бештар нерӯи барқро интиқол медиҳад ва масалан дар сурати кашидани он то 1, 7 маротиба аз ҳаҷми воқеиаш осебе намебинад ва хосияти ноқилиашро аз даст ҳам намедиҳад.

Суоюшӣ Секитанӣ аз гурӯҳи ихтироъкорон мегӯяд, резини мазкурро метавон ҳамчун пӯст барои роботҳо истифод кард ва дар он абзори эҳсоси фишор ва ё ҳароратро гузошт, то фаъолияташон амнтар ва беҳтар шавад.

Ба гуфтаи ӯ, агар робот ба кӯдак бархӯрад дар сурати эҳсоси фишор ва ё гармӣ эҳтиёткорона амал хоҳад кард, вале агар чунин пӯст надошта бошад, хатарнок хоҳад буд.

Резини нави дорои хосияти ноқилро метавон то дуву аз даҳ се маротибаи ҳаҷми воқеиаш кашиш дод, вале дар ин ҳолат ӯ тақрибан нисфи хосияти ноқилиашро аз даст медиҳад. Агар онро то 38 фоиз бикашед, қобилияти ноқилиаш чандон тағйир намеёбад, вале агар оҳанро бо он резин муқоиса кунем, дар сурати кашидани метал то ду фоиз он ё мешиканад ва ё осеб мебинад.

Аммо резини навро аз чӣ ҳосил кардаанд? Резини оддиро гирифта ба он зарраҳои соидашудаи карбон ва моеъи моддаи кимиёвии ион ва ё молекулаҳои лулашакли карбонро ворид намудаанд. Зарраҳои лулашакли карбонӣ аксаран ба ҳам мепайванданд ва моеъи ионӣ ба тамоми резин паҳн карда мешавад, то хосияти ноқилӣ ва нармиро дошта бошад.

Вале резини мазкурро на танҳо метавон ҳамчун пӯст ба роботҳои урён пушонд. Олимон мегӯянд агар ба рули мошин чунин резин пушонида ва онро бо ҳароратсанҷ муҷаҳҳаз кунем, мошин метавонад, ҳарорати бадани ронанда ва дигар нишондиҳандаҳои сиҳатии инсонро санҷида дода ва хулоса кунад, ки воқеан ронанда ҳоло қодир аст, мошинро дуруст ронад ва ё на.

Ин резин ҳамчунин метавонад, рӯкаши катҳои тиббие бошад, ки беморони барҷомондаро дар онҳо нигоҳубин мекунанд. Резини нав ҳамчунин метавонад роҳро барои сохтани телевизионҳои нарм боз кунад, ки дарозу кӯтоҳ мешаванд. Олимони ҷопонӣ мегӯянд, ки то чанд соли оянда резини навро барои баҳрабардорӣ дар саноат омода мекунанд. Суюшо Секитанӣ аз гурӯҳи ихтироъкорони резин мегӯяд, онҳо ҳатто истифодаи резини мазкур дар ҷисми зиндаро сарфи назар намекунанд, аммо ҳоло танҳо ба истифодаи он дар абзори барқӣ бартарӣ дода мешавад.

XS
SM
MD
LG