Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афсарони тоҷикро зиндонӣ мекунанд


Додгоҳи низомии шаҳри Душанбе ду афсари олирутбаи кумитаи амнияти миллии Тоҷикистонро бо гуноҳи қочоқи маводи мухаддир ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум кардааст. Бино ба гузориши расонаҳои маҳаллӣ, додгоҳ Анвар Шоҳимардонов ва Файзулло Ҳалимов барои даст доштан дар қочоқи садҳо килограмм маводи мухаддир то ба 19 соли зиндон маҳкум кардааст.

Ҳамроҳ бо ин ду афсари кумитаи амнияти миллӣ ҳамчунин шаш шарики онҳо ба зиндон маҳкум шудаанд. Гурӯҳи мазкурро моҳи январи соли равон маъмурони амниятӣ ҳангоми қочоқи тақрибан ним тонна маводи мухаддир, аз ҷумла беш аз 70 кило ҳероин боздошт кардаанд. Ҳукумати Тоҷикистон аз даст доштани мақомоти интизомӣ дар қочоқи маводи мухаддир борҳо ибрози нигаронӣ кардааст.

XS
SM
MD
LG