Пайвандҳои дастрасӣ

Тилои Тоҷикистон, вале made by China


Дар шаҳри Осло - пойтахти Норвегия Кунгураи байнулмилалии геологҳо идома дорад, ки дар он намояндагони бештар аз 100 кишвар, аз ҷумла Тоҷикистон ширкат доранд.

Мавзӯъҳои мухталифи илмӣ, аз ҷумла боқӣ мондани захираҳои табиӣ барои инсоният ва дигар масоили муҳими ҳифзи табиату ояндаи инсоният дар ин ҳамоиши байналмилалӣ баррасӣ мешавад. Як мавзӯъи ҷолиби ин кунгура доир ба захираҳои мавҷуди тило дар ҷаҳон буд. Рич Голдфарб аз Пажӯҳишгоҳи геологии Амрико зимни суханронӣ дар ин ҳамоиш Осиёи Марказиро минтақае номид, ки захираҳои дастнохӯрдаи азими тилои ҷаҳонро дар худ дорад. Ба гуфтаи Рич Голдфарб, ин захираҳои ниҳоят қадимианд ва таҳҳавулоти миллионҳо сола низ онҳоро бетағйир мондааст:

«Аржанги Осиёи Марказиро одатан Камарбанди органикии Осиёи Марказӣ меноманд. Ин камарбанд бо захираҳои органикии тилои худ машҳур аст, вале ба сабабҳои номаълум то кунун мо тавонистем онро ҳифз кунем ва хатҳои ин аржанг афзудаанд. Агар ба ин камарбанд нигоҳ кунем, дар он ҷо на танҳо захираҳои органикии тило, балки манобеъи азими ҷаҳонии сангҳои озаринро мебинем. Аз ҷумла, майдонҳои Олмалики Ӯзбакистон, ки 28 ҳазор тонна тило дорад, ки аз бузургтарин захираҳои тилои ҷаҳон маҳсуб мешавад. Агар ба Чин ба вилояти Шинҷон назар кунем, дар он ҷо низ захираҳои монанди сангҳои озарин кашф шудааст, ҳарчанд то кунун истихроҷ нашудаанд».

Ба гуфтаи Идораи геологияи Тоҷикистон, дар ин кишвар 28 майдонҳои кашфшудаи тило мавҷуд аст, ки ҳудуди 430 тонна тилоро дар худ доранд. Дар ҳоли ҳозир, Тоҷикистон солона ба ҳадди миёна 2 тонна тило истеҳсол мекунад, ки миқдори зиёди он дар корхонаи Зарафшон ҳосил мешавад. Зимнан саҳмияҳои корхонаи мазкурро аз як ширкати Бритониё Чин харид. Кишваре ки ба гуфтаи Рич Голдфарб ба бузургтарин тавлидкунадаи тило дар ҷаҳон табдил ёфтааст:

«Агар мо ба саноати тавлиди тило назар андозем, як чизи ҳайратоварро хоҳем дид ва он ҳам ин ки Ҷумҳурии Мардумии Чин тавлидкунандаи рақами аввали тило дар ҷаҳон аст, ки соли гузашта Африқои Ҷанубиро пеш гузашт. Ва чизи ҳайратовар дар робита ба Чин ин аст, ман шубҳа дорем, ки масалан шумо як кони тило дар худи Чинро мисол оред, ки истихроҷ мешавад. Ва конҳое, ки Чин истихроҷ мекунанд, дар хориҷ аз он ҳастанд ва майдонҳои хурди дорои тилои зиёд мебошанд, яъне Чин боз ҳам тавлиди тилоро дар ҷаҳон афзоиш хоҳад дод».
XS
SM
MD
LG