Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сафари раиси ҷумҳури Эрон ба Туркия


Имрӯз Маҳмуди Аҳмадинажод - раиси ҷумҳури Эрон вориди Туркия мешавад, ки қарор аст, дар инҷо созишнома дар мавриди бунёдим лӯлаи нави газ миёни ду кишвар ба имзо расад. Баъди интихобаш ба мақоми раёсати ҷумҳур, ин нахустин сафари расмӣ ва дурӯзаи Маҳмуди Аҳмадинажод ба Туркия аст. Созиши миёни Эрону Туркияро як нишонаи таҳкими ҳамкориҳои Ҷумҳурии Исломӣ ва Туркия узви Паймони Атлантики Шимолӣ медонанд. Ва ин дар ҳолест, ки баҳси кишварҳои Ғарбӣ бо Эрон дар мавриди барномаҳои баҳсбарангези атомии ин кишвар ба бунбаст дучор шудааст.
XS
SM
MD
LG