Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кондолиза Райс дар роҳ ба сӯи Аврупо


Кондолиза Райс - вазири умури хориҷаи Амрико раҳсипори Аврупо шудааст, то ҳимояти кишвараш аз Гурҷистонро баён кунад, ки бо Русия муноқиша дорад. Хонум Райс нахуст бо раиси ҷумҳури Фаронса Николя Саркозӣ мулоқот мекунад, ки рӯзи сешанбе бо мусоидати ӯ ҳамчун раҳбари даврии Иттиҳодияи Аврупо Гурҷистону Русия ба созиши оташбас мувофиқат карданд. Кондолиза Райс сипас ба Тифлис меравад, то бо раиси ҷумҳур Михайил Саакашвилӣ дидору гуфтӯгу анҷом диҳад. Пеш аз тарки Вашингтон, вазири умури хориҷаи Амрико ба Русия ҳушдор дод, дар сурати риоят накардани созиши оташбас, ки гузоришҳо аз он гувоҳӣ медиҳанд, ба инзиво рӯ ба рӯ хоҳад шуд. Айни замон кӯмакҳои башарии Иёлоти Муттаҳида таввасути ҳавопаймои низомӣ ба Гурҷистон расонида мешаванд.
XS
SM
MD
LG