Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Порис тарҳи нави қатъномаро таҳия мекунад


Фаронса тарҳи нави қатъномаи Шӯрои амнияти СММ оид ба низоъи миёни Русия ва Гурҷистонро таҳия мекунад. Дар ин бора раиси даврии Шӯрои амният, намояндаи Белгия дар СММ Ян Граулс хабар дод. Ба тарҳи нави қатънома нуктаҳои аслии созиши сулҳи Гурҷистон, ки раисиҷумҳури Фаронса Николя Саркозӣ бо Маскав ва Тифлис ҳамоҳанг кардааст, низ ворид хоҳанд шуд. Ин созиш дирӯз аз сӯи вазирони хориҷаи кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо пазируфта шуд. Онҳо ҳамчунин тасмим гирифтанд, ки нозирони Иттиҳодияи Аврупоро ба минтақаи низоъ дар Гурҷистон фиристанд.
XS
SM
MD
LG