Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати се маъмури имдодӣ дар Лугар


Дар Афғонистон се зан - кормандони созмони хайрияи амрикоӣ - як шаҳрванди ИМА ва ду шаҳрванди Канада кушта шуданд. Афроди ношинос дар вилояти Лугар, воқеъ дар ҷануби Кобул сӯи мошини Кумитаи байнулмилалии наҷот оташ кушоданд. Дар ин ҳодиса ронанда – шаҳрванди Афғонистон низ ба ҳалокат расид. Мақомоти Афғонистон масъулияти ин ҳамларо бар дӯши толибон гузоштанд. Гуфта мешавад, ки соли 2008-ум дар Афғонистон 23 корманди созмонҳои хайрия ҷон бохтанд.
XS
SM
MD
LG