Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Артиши Русия аз Горӣ берун меравад


Вазорати дифоъи Гурҷистон изҳор намуд, ки дар соатҳои наздик нерӯҳои Русия шаҳри Гориро тарк карда сӯи Схинвалӣ, пойтахти Осетияи ҷанубӣ роҳ мегиранд. Маскав чандин бор ҳузури низомиёнаш дар ин шаҳри воқеъ дар 70 километрии Тифлисро рад карда буд ва фақат рӯзи чаҳоршанбе вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров дар сӯҳбат бо хабарнигорон то ба Горӣ расидани нерӯҳои кишварро тайид кард.

Дар ҳамин ҳол мақомоти дигар ҷумҳурии ҷудоихоҳ – Абхазистон изҳор доштанд, ки низомиёни гурҷиро аз дараи Кодор берун карда, ин минтақаро комилан таҳти назорат қарор доданд.

XS
SM
MD
LG