Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 16 нафар дар таркиши Лубнон


Мақомоти амниятии Лубнон мегӯянд, аз инфиҷори бомб дар кӯчаи пуриздиҳоми шаҳри шимолии Траблус ба камияш 16 нафар кушта ва наздик ба 30 тани дигар захмӣ шудаанд. Ба гуфтаи ин манбаъ, зоҳиран як автобуси низомиён ҳадафи ин ҳамла буда, ҳафт нафар аз қурбониёни таркиш сарбозон будаанд. Масъулияти ҳамларо то ҳол касе ё гурӯҳе бар дӯш нагирифтааст. Дар хушунатҳои байнимазҳабӣ дар ҳафтаҳои гузашта дар Траблус даҳҳо нафар ба ҳалокат расидаанд.
XS
SM
MD
LG