Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргузашти нависандаи шаҳири араб Маҳмуд Дарвеш


Ҳазорон нафар аз фаластиниҳо имрӯз дар расми дафни яке аз машҳуртарин нависандагони араб, Маҳмуд Дарвеш дар Ромуллоҳ ширкат карданд. Гуфта мешавад, тобути Дарвеш, ки ба парчами Фаластин печида буд, аз рӯи дасти наздик ба лдаҳ ҳазор нафар гузашт. Раиси маъмурияти худгардони Фаластин Маҳмуд Аббос, Дарвешро, ки ҳафтаи гузашта дар синни 67-солагӣ дар Иёлоти Муттаҳида даргузашт, рамзи мардуми фаластинӣ ва баёнгари дарду эҳсоси онҳо номид.
XS
SM
MD
LG