Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тифлис Русияро дар нақзи отшабас айбдор кард


Мақомоти Гурҷистон Русияро дар нақзи оташбасе, ки камтар аз 24 соат пеш байни тарафҳо ҳосил шуда, ба даргириҳо дар минтақаи ҷудохиҳои Осетияи Ҷанубиро хотима гузошта буд, айбдор карданд. Шӯрои амнияти Гурҷистон мегӯяд, наздик ба 50 тонк ва зиреҳпӯшҳои Русия дар кӯчаҳои Горӣ, шаҳри гурҷии наздик ба Осетияи Ҷанубӣ ҷойгир шудаанд. Телевизионҳои хориҷӣ ҳаракати ин техникаи ҳарбии Русияро намоиш доданд.Ва тибқи хабарҳо ин қатори тонку зиреҳпӯшҳо дар нимаи имрӯз аз Горӣ баромада, ба дарунтари Гурҷистон дар самти номаълум ҳаракат кард. Аммо генерал- полковник Анатолий Ноговитсин, ноиби сардори Ситоди умумии нерӯҳои мусаллаҳи Русия пойфишорӣ дорад, ки тонкҳои Русия дар Горӣ нестанд. Гурҷиҳо ҳамчунин мегӯянд, дар шаҳр ғоратгариҳо ба мушоҳида расидааст.
XS
SM
MD
LG