Пайвандҳои дастрасӣ

Гузориш оид ба нажодпарастӣ дар Русия


Ахиран, созмонҳои ғайридавлатии Русия гузориши алтернативии вазъи мубориза бо нажодпарастӣ ва табъиз дар Русияро ба табъ расонданд, ки аз гузориши расмии ин кишвар фарқи зиёд дорад. Ба қавли созмонҳои ёдшуда, муборизаи ҳукумат интихобӣ буда, аксаран онҳое мавриди таъқиб қарор мегиранд, ки ҳамчун нерӯи мухолифи мақомот арзёбӣ мешаванд.

Солҳои ахир дар Русия ҳамлаҳои нажодпарастон, шаклҳои мухталифи табъиз ё худ фарқгузории қавмӣ ва дигар ҳаводиси ногувор авҷ гирифта, ҳодисаҳои тавҳини қавмӣ ҳар чӣ бештар аз пуштибонии мардумӣ ва ба вижа мансабдорон, бархӯрдор шудаанд.

Паёмҳои саршор аз нафрати қавмӣ, ки дар гузашта аз тарафи муаллифони беаҳамият истифода мешуданд, ҳоло ба як ҳодисаи маъмулӣ табдил ёфтааст.

Дар гузориши алтернативии созмонҳои ғайридавлатии Русия, ки ҳаводиси солҳои 2003-2007-умро дар бар мегирад, зикр гардидааст: дар ин давра Русия босуръат тағйир ёфта, тамоюли асосӣ ба табъиз мусоидат намуда, мубориза бо ин падидаро душвортар кардааст. Ба қавли муаллифони гузориш, яъне созмони ҳомии ҳуқуқи башар бо номи "Мемориал", маркази таҳлилии "Сова", ва 31 муассисаи дигари башардӯстонаву шаҳрвандӣ низоми қонунии Русия василаи мубориза бо табъизи нажодиву ангезиши нафрати байниқавмӣ дар ихтиёр дорад ва сарқонуни ин кишвар баробарҳуқуқиву озодиро кафолат медиҳад, вале он ташхисеро, ки соли 2003-ум қонунгузорони Русия ба истилоҳи "табъиз" муқаррар намудаанд, ба Эъломияи байналмилалии маҳви ҳамаи навъҳои табъизи нажодӣ зиёд ҷавобгӯ нест.

Дар идомаи гузориши алтернативӣ, созмонҳои ғайридавлатии мустақар дар Русия навиштаанд, ки солҳои ахир зоҳиран мақомоти ин кишвар мухолифаташон ба хушунати нажодпарастон ва паёмҳои саршор аз нафратро таҳким бахшидаанд. Мансабдорони рус эътироф мекунанд, ки дар ин кишвар зӯроварии дастаҷамъии қавмӣ ва ангезиши иғвоҳои байниқавмӣ ҷой дорад.

Мақомот ин падидаҳоро маҳкум намуда, дар чорчӯби мубориза бо экстремизм масъулони ҳаводиси табъизи нажодӣ ва иғвоангезӣ: расонаҳои хабарӣ ва созмонҳои ғайридавлатиро манъ ва ё муҷозот кардаанд.

Вале, ба қавли муаллифон, баъзан масъулони ин қабил ҳамлаҳо ба таври интихобӣ муҷозот шудаанд, ки дар афкори умум таъсири манфӣ мегузорад. Шореҳи Радиои Озодӣ Брайан Витмор бо ишора ба ҳаводиси ахир дар Осетияи Ҷанубӣ мегӯяд, ки мақомоти Русия доимо аз эҳсоси миллатгароӣ ба нафъи худ истифода кардаанд. Ӯ меафзояд:

"Агар мо ба раҳнамоиҳои телевизиони Русия дар давоми панҷ рӯзи ахири назар афканем, мебинем, ки Гурҷистон бо кушторҳои дастаҷамъӣ ва поккориҳои қавмӣ муттаҳам мешаванд. Зоҳиран ин раҳнамоиҳо ба воқеият ҳеҷ иртибот надоранд, вале метавонанд ақаллияти гурҷиҳои муқими Русияро зери хатар қарор диҳанд. Боз ҳам таъкид мекунам, ки вақт нишон медиҳад, ки мо шоҳиди чӣ хоҳем шуд."

Хуллас, дар гузориши алтернативии созмонҳои ғайридавлатии Русия дар мавриди вазъи мубориза бо табъиз ва нажодпарастӣ бо ишора ба идомаи таъқиби мардуми чечен дар саросари ин кишвар таъкид шудааст, ки то ҳанӯз ҳукумат бо ин падидаҳои ногувор муборизаи беамон набурдааст ва давои муассире дар муқобили он пайдо накардааст.

Солҳои гузашта ҳар вақте, ки дар қаламрави Чеченистон ва ё Русия ҳодисае ба вуқӯъ мепайваст, муҳоҷирони корӣ, ки одатан мавриди ҳамлаҳои гурӯҳҳои миллатгарову нажодпараст қарор мегиранд, кӯшиш мекарданд, ки ба мақомоти умед набаста аз ҷои кор ва ё макони зист берун нашаванд.

XS
SM
MD
LG