Пайвандҳои дастрасӣ

Баҳси вазирони Иттиҳоди Аврупо дар робита бо Гурҷистон


Вазирони умури хориҷии Иттиҳоди Аврупо имрӯз дар Бруссел масъалаи ирсоли нозирони сулҳ ба Осетияи Ҷанубиро баҳс карданд. Раиси нишаст, намояндаи Фаронса, Бернар Кушнер, аз кишварҳои иттиҳод даъват кард, нақши нозирро ба хотири муваффақияти оташбаси Русияву Гурҷистон ба зимма бигиранд. Бархе аз давлатҳои узв ба вокунишҳои шадиди интиқодӣ алайҳи Русия даъват карданд. Вазири умури хориҷии Бритониё, Давид Милибанд гуфт, Иттиҳоди Аврупо бояд моҳи оянда мавзеъи муайян бигирад, ки гуфтушуниди равобити наздиктар бо Русияро идома хоҳад дод ё на ва ба чӣ наҳв. "Ман фикр мекунам, бисёру бисёр муҳим аст, паёме дода шавад, ки замони истифода аз зӯр, ки Аврупоро тиккаву пора мекард, кайҳо гузаштааст ва талоши ҳалли масъалаҳои мушкил дар марзҳои Русия бо зӯрӣ ғайриқобили қабул аст." Вазири умури хориҷии Олмон, Франк-Валтер Штейнмейер, аз пешниҳоди ирсоли нозирони аврупоӣ ба Гурҷистон ҳимоят кард. Вай афзуд, Иттиҳоди Аврупо бояд аз иттиҳомоти тамоюлдорӣ парҳез кунад ва ба он мутамаркиз гардад, ки чӣ гуна метавонад дар эътидоли вазъи минтақа нақши мусбат бозад.
XS
SM
MD
LG