Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия мегӯяд, хостори ишғоли Гурҷистон нест


Вазири умури хориҷии Русия, Сергей Лавров, мегӯяд, Русия ҳадафи ба худ ҳамроҳ кардани ҳеҷ яке аз манотиқи Гурҷистонро надорад ва ба истиқлолияти Гурҷистон эҳтиром мегузорад. Дар матлабаш дар рӯзномаи бритониёии "Файнаншл Таймс", Лавров гуфт, мудохилаи ҳарбии Русия дар Осетияи Ҷанубӣ посухе ба ҳамлаи бесабаб ба шаҳрвандони Русия дар ин ҷо буд. Ишораи Лавров инро тасдиқ мекунад, ки Маскав ба бисёриҳо дар ин минтақаи ҷудоихоҳи Гурҷистон асноди русӣ додааст. Лавров гуфт, кишвараш ба таҳкими оташбас талош хоҳад кард, ба шарте ки Гурҷистон аз амалиёти ҳарбӣ худдорӣ кунад ва нерӯҳояшро аз минтақа ба дур нигаҳ дорад.
XS
SM
MD
LG