Пайвандҳои дастрасӣ

Оё Русия ҳадаф дошт, пойтахти Гурҷистон, Тифлисро ишғол кунад? Чаро дар айни авҷи ҳаракати нерӯҳояш Маскав ба қатъи амалиёт дастур дод?

Эълони президенти Русия, Дмитрий Медведев дар ҳоле садо дод, ки нерӯҳои Русия дар самти Тифлис дар ҳаракат буданд ва гурҷиҳо ба бадтарин таҳаввулоти эҳтимолӣ омода мешуданд. Оё русҳо мақсади инро доштанд, ки Тифлисро ишғол кунанд? Агар ин тавр буд, чаро бозистоданд?

Раиси Бунёди пажӯҳишҳои пешрафта ва байнулмилалии Гурҷистон, Александр Ронделӣ мегӯяд, дар ҳақиқат русҳо мехостанд, ҳукуматро дар Тифлис сарнагун кунанд, вале барои он бозистоданд, ки пайомадҳои дипломатӣ ва сиёсии амалкардҳои худро биёзмоянд.

"Ман фикр мекунам, таҳти фишори шадиди Ғарб, махсусан Амрико ва ҳамчунин президенти Фаронса, Саркозӣ, русҳо дарк карданд, ки хеле аз ҳад гузаштаанд. Ғавғои ҷомеаи байнулмилалӣ онҳоро нигоҳ дошт. Барномаи болотарини онҳо сарнагунии Саакашвилӣ ва иҳотаи Тифлис буд. Аммо барномаи ҳаддиақалли онҳо ҳифзи обрӯро низ дар бар мегирифт ва ҳоло онҳо бо шиори он ки ҳамаи аҳдофи амалиёт бароварда шуд, обрӯи худро ҳифз мекунанд."

Дар тафовут бо Ронделӣ, таҳлилгари гурҷӣ, вазири умури хориҷии Русия мегӯяд, тағйири режим дар Тифлис мақсади Маскав набуду нест. Аммо дар нишасти хабарии муштарак бо ҳамтои финлоднияш, раиси САҲА, Александр Штубб, Сергей Лавров иқрор кард, ки Русия барканории раҳбари Гурҷистонро мехоҳад:

"Мо инро шарти қатъи амалиёти ҳарбии худ дар марҳилаи ҳозира эълон накардаем, аммо барои иттилоъи хусусии раҳбарони Иёлоти Муттаҳида мегӯям, ки аз нигоҳи мо, Ҷаноби Саакашвилӣ наметавонад минбаъд коршарики мо бошад ва барои ӯ беҳтар аст, ки биравад."

Нозирони дигар, вале бар инанд, ки аҳфдои Маскав маҳдуд буд ва он ҳаргиз талош надошт, Тифлисро ишғол кунад. Корманди Пажӯҳишгоҳи таҳлилҳои сиёсӣ ва ҳарбӣ дар Маскав, Сергей Маркедонов мегӯяд, ба бовари ӯ, Русия илоҷе ба ҷуз аз корбасти нерӯ дар ҳифзи манофеъяш надошт, аммо ишғоли Тифлис ва барканории ҳукумати Гурҷистон барояш як низоъи ошкоро бо Ғарб буда метавонист, ки Русия инро намехоҳад.

Маркедонов мегӯяд, ба назари ӯ, ягон ангезаи муҳиме барои ишғоли Тифлис вуҷуд надошт. "Комилан рӯшан аст, ки ин як амали аблаҳона мебуд, зеро гурҷиҳо рӯҳияи зиддирусӣ доранд ва дар он ҳол Русия бо як мушкили дарозмуддате рӯбарӯ мегашт. Магар ин ба Русия зарур аст?"

Аммо таҳлилгарони дигар бар инанд, ки басеҷи нерӯҳои Русия дар ин амалиёт бо аҳдофи фақат ҳифзи посдорони худ ва аҳолии Осетияи Ҷанубӣ, ки шаҳрвандии Русияро доранд, номутаносиб аст. Барои расидан ба ин ҳадаф зарбаи ҷавобӣ ба нерӯҳои Гурҷистон дар Осетияи Ҷанубӣ кофӣ буд. Идомаи ҳаракати ҳарбиёни Русия ба дарунтари Гурҷистон ва ифтитоҳи ҷабҳаи дувум дар Абхозистон, ҳамчунин бомбаборонҳои шадиди бандарҳо ва дигар нуқоти Гурҷистон, аз ҷумла атрофи Тифлис ва шаҳри Горӣ низ ангезандаи шубҳае буданд, ки мақсадҳои Русия васеътар буд, аммо ба эҳтимоли зиёд вокуниши сарони Ғарб онро нигаҳ дошт.

Дар ҳоле ки ду тараф, Маскав ва Тифлис, усули асосии сулҳро, ки президенти Фаронса Николас Саркозӣ аз номи Иттиҳоди Аврупо пешниҳод кард, пазируфтаанд, мақомоти гурҷӣ мегӯянд, нерӯҳои Русия ҳатто пас аз эълони президент Медведев дар бораи қатъи амалиёт шаҳрҳои шарқии Гурҷистон, Карелӣ ва Руисиро бомбаборон карданд.

XS
SM
MD
LG