Пайвандҳои дастрасӣ

Вазирони хориҷаи ИА вазъи Қафқозро матраҳ мекунанд


Вазирони умури хориҷаи кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо (ИА)имрӯз дар як нишаст тарҳи ҳалли мусолиматомези низоъ дар Осетияи ҷанубиро, ки аз сӯи сарони Русия ва Гурҷистон пазируфта шудааст, баррасӣ мекунанд. Дар ин бора шаби гузашта Николя Саркозӣ, раиси ҷумҳури Фаронса баъди анҷоми музокирот бо раисиҷумҳури Гурҷистон Михаил Саакашвилӣ дар Тифлис хабар дод.

Ӯ гуфт, ки бо ризояти президенти Русия Дмитрий Медведев, ибораи “баррасии байнулмилалии мақоми Осетияи Ҷанубӣ ва Абхазистон” бо ибораи “баррасии байнулмилалии масоили эътидол ва амният” иваз шудааст. Ба гуфтаи Саркозӣ, баъд аз пазируфта шудан аз сӯи вазирони хориҷаи кишварҳои ИА санад нерӯи ҳуқуқӣ пайдо хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG