Пайвандҳои дастрасӣ

Изҳороти ИМА дар робита ба ҷанги Гурҷистон


Кондолиза Райс, Котиби давлатии ИМА, Русияро даъват кард ба амалиёти низомӣ дар Гурҷистон хотима бахшад.

Ӯ ҳамчунин аз ҳама ҷонибҳои даргир хостори оташбас шуд.
Даъвати хонум Райс ҳамагӣ чанд соат баъд аз он садо дод, ки раисҷумҳури Русия Дмитрий Медведев дар мавриди анҷоми амалиёти низомии Маскав дар минтақаи ҷудоихоҳи Осетияи Ҷанубӣ тасмим гирифт. Хонум Райс зимни сухаронӣ дар Вошингтон гуфт: “Айни ҳол басо муҳим аст, ки ҳамаи ҷонибҳо оташбас кунанд. Гурҷистон ба оташбас розӣ шуд. Русҳо бояд ба амалиётҳои ҷангиашон хотима диҳанд, онҳо расман эълом карданд, ки амалиёти низомиро қатъ мекунанд ва аммо онҳо бояд ба ин амалиёти низомиашон фавран хотима диҳанд”.
Райс афзуд, ки Амрико ба кӯшишҳои дипломатиаш барои ҳалли низоъ идома медиҳад ва бо ҳамаи ҷонибҳои зидахл дар тамос хоҳад шуд. Райс бори дигар дидгоҳи Вошингтонро дар бораи якпорчагии Гурҷичтон изҳор намуда гуфт: “Ман мехоҳам бисёр рӯшод арз намоям, ки ИМА ҷонибдори якпорчагӣ ва соҳибистиқлолии Гурҷистон мебошад. Мо ҳукумати аз роҳи демократӣ интихобнамудаи мардуми ин кившарро дастгирӣ мекунем. Дар мавриди кумаки башардӯстона ва бозсозии Гурҷистон мо имконотҳои худро арзёбӣ хоҳем кард”.

Изҳороти Котиби давлатии Амрико дар ҳоле пахш шуд, ки мақомоти Гурҷистон мегӯянд, алорағми ваъдаҳои Медведев ҳамлаҳои низомии Русия дирӯз ҳам идома доштанд. Тифлис ҳамчунин этироф кард, ки баъд аз пешравиҳои ҷудоихоҳон маҷбур шуд артишашро аз охирин пойгоҳаш дар қаламрави дигар минтақаи ҷудоихоҳи рӯ ба Русия – Абхазистон – фаро хонад.
Дирӯз раҳбарони Русия ва Фаронса Дмитрий Медведев ва Николя Саркозӣ дар Маскав тарҳеро барои ба поён овардани низоъ дар Гурҷистон, ки аз 6 банд иборат аст, муаррифӣ намуданд.
Зимни нишасти матбуъотӣ раисҷумҳури Фаронса гуфт, бо ҳамтои русиаш ба тавофуқ расидаанд, ки Русия ва Гурҷистон бояд нерӯҳояшонро ба мавқеъҳои ибтидоии пеш аз оғози задухӯрдҳо баргардонанд ва дар мавриди мақоми ояндаи Осетияи Ҷануби ва Абхозистон бояд гуфтушунидҳои байнулмилалӣ сурат бигиранд.
Николя Саркозӣ барои мувофиқати тарҳи пешниҳодшуда бо мақомоти Гурҷистон озими Тифлис шуд ва шоми дирӯз бо Михаил Саакашвилӣ, раисҷумҳури Гурҷистон, мулоқот дошт.
XS
SM
MD
LG