Пайвандҳои дастрасӣ

Музокироти нокоми Мугабе ва Свингирай


Раисиҷумҳури Зимбабве Роберт Мугабе ва раҳбари мухолифин Морган Свингирай дар мавриди тақсими қудрат боз ҳам ба созиш даст наёфтанд. Раиси ҷумҳури Африқои ҷанубӣ Табо Мбекӣ, ки дар ин гуфтушунид ба ҳайси миёнҷигар ширкат мекунанд, дар бораи идома ёфтани музокирот хабар дод. Дар ҳамин ҳол иттилоъ мерасад, ки Роберт Мугабе ва Артур Мутамбара, раҳбари гурӯҳи аз нерӯҳои мухолифин ҷудошуда дар мавриди ҳамкорӣ ба созиш расидаанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG