Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саакашвилӣ ба тарҳи Саркозӣ-Медведев мувофиқ аст


Раисони ҷумҳуриҳои Фаронса ва Гурҷистон тарҳи чораҳои берун шудан аз бӯҳрон дар Осетияи Ҷанубиро, ки дар ҷараёни музокироти Николя Саркозӣ ва раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев дар Маскав таҳия шуданд, дар маъмӯъ пазируфтанд. Дар ин бора Николя Саркозӣ ва Михаил Саакашвилӣ баъди анҷоми музокирот дар Тифлис хабар доданд. Гуфта мешавад, ки ба матн бо ризояти раисиҷумҳури Русия баъзе тағйирот ворид шудааст. Тибқи ин санад, дар минтақа оташбас эълон шуда, нерӯҳои Русия ва Гурҷистон ба мавқеъҳои то шурӯъи ҷанг бармегарданд ва интиқоли озоди кумаки башарӣ ба минтақаро таъмин мекунанд. Дар санад ҳамчунин гуфта шудааст, ки то таҳия тарҳи дарозмуддати ҳалли низоъ миёни Гурҷистон ва Осетияи ҷанубӣ нерӯҳои посдори сулҳи Русия дар минтақа боқӣ хоҳанд монд.

XS
SM
MD
LG