Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Райс хостори хатми амалиёт дар Гурҷистон шуд


Кондолиза Райс, Котиби давлатии ИМА имрӯз аз Русия даъват кард, ки ба амалиётҳои низомӣ дар қаламрави Гурҷистон хотима бахшад. Ӯ ҳамчунин аз ҳама ҷонибҳои даргир хостори оташбас шуд. Даъвати хонум Райс ҳамагӣ чанд соат баъд аз он садо дод, ки раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев дар мавриди анҷоми амалиёти низомии Маскав дар минтақаи ҷудоихоҳи Оссетияи Ҷанубӣ тасмим гирифт. Хонум Райс зимни сухаронӣ дар Вошингтон гуфт, “айни ҳол басо муҳим аст, ки ҳамаи ҷонибҳо оташбас кунанд. Гурҷистон ба оташбас розӣ шуд. Русҳо бояд ба амалиётҳои ҷангиашон хотима диҳанд, онҳо расман эълом карданд, ки амалиёти низомиро қатъ мекунанд ва аммо онҳо бояд ба ин амалиёти низомиашон фавран хотима диҳанд.”

Изҳороти Котиби давлатии Амрико дар ҳоле пахш шуд, ки мақомоти Гурҷистон мегӯянд, ало рағми ваъдаҳои Медведев ҳамлаҳои Русия ба манотиқи кишвар дирӯз ҳам идома доштанд.

XS
SM
MD
LG