Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Пуштибонии кишварҳои соҳили Балтик аз Гурҷистон


Раисони ҷумҳуриҳои Литва, Лаҳистон, Укроин, Эстония ва сарвазири Латвия бегаҳи дирӯз вориди Гурҷистон шуданд. Онҳо дар як гирдиҳамоии пуриздиҳоми пуштибонӣ аз Михаил Саакашвилӣ дар маркази Тифлис ширкат карданд. Раҳбарони ин кишварҳо изҳор намуданд, ки маҳз ба хотири ҳамдилӣ бо мардуми Гурҷистон ба Тифлис сафар кардаанд.

Ба иттилоъи баъзе хабаргузориҳо, дар гирдиҳамоӣ дар канори бинои порлумони Гурҷистон тақрибан 50 ҳазор нафар ширкат доштанд.

XS
SM
MD
LG