Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Буш бо раҳбарони аврупоӣ Гурҷистонро матраҳ кард


Раиси ҷумҳурии Амрико Ҷорҷ Буш бӯҳрони Гурҷистонро бо раҳбарони Аврупои Ғарбиву Шарқӣ баррасӣ карда, ва Кохи Сафед ҳамчунин даъвати Русия ба истеъфои рабҳари Гурҷистон Михаил Саакашвилиро рад кард. Хабаргузории Ассошейтед Пресс аз қавли сухангӯи Кохи Сафед мегӯяд, Буш бо раҳбарони Бритониё, Литваву Лаҳистон, Олмон ва Итолиё мавзӯи Гурҷистонро баҳс кардааст. Инчунин тибқи хабарҳои охир, Буш бо раиси ҷумҳурии Гурҷистон Михаил Саакашвилӣ телефонӣ сӯҳбате анҷом додааст, ки тафсилоти он ҳанӯз дастрас нест.

XS
SM
MD
LG