Пайвандҳои дастрасӣ

Тарҳи сулҳи Гурҷистон пешниҳод шуд


Президенти Русия Дмитрий Медведев (аз рост) ҳангоми мулоқот бо ҳамтои фаронсавияш Николас Саркозӣ, Маскав, 12 августи соли 2008.

Президенти Русия Дмитрий Медведев (аз рост) ҳангоми мулоқот бо ҳамтои фаронсавияш Николас Саркозӣ, Маскав, 12 августи соли 2008.

Тибқи ин нақшаи иборат аз шаш банд Русия ва Гурҷистон бояд нерӯҳои худро ба мавзеъҳои қабл аз оғози даргириҳои ҳафтаи гузашта дар Осетияи Ҷанубӣ ақиб кашанд. Ва масъалаи мақоми ояндаи Осетияи Ҷанубӣ ва Абхозистон, ду минтақаи ҷудоихоҳи Гурҷистон дар сатҳи байнулмилал баррасӣ гардад. Медведев бандҳои созишномаро қироат кард:

  • Якум. Даст назадан ба зӯрӣ.
  • Дувум. Қатъи комили ҳамаи амалиёти ҳарбӣ.
  • Савум. Дастрасии озод ба кӯмакҳои башардӯстона.
  • Чаҳорум. Бозгашти нерӯҳои мусаллаҳи Гурҷистон ба ҷои исти доимияшон.
  • Панҷум. Бозгашти нерӯҳои мусаллаҳи Федерасюни Русия ба хатти қабл аз шурӯъи амалиёти ҳарбӣ.

То ташкили фишангҳои байнулмилалӣ нерӯҳои русии посдори сулҳ чораҳои иловагӣ хоҳанд дид.

  • Ва шашум. Оғози баррасии байнулмилаии мақоми ояндаи Осетияи Ҷанубӣ ва Абхозистон ва роҳҳои таъмини амнияти устувори онҳо."

Чанд соат пеш аз ин эъломия президенти Русия ба қатъи амалиёти ҳарбӣ дар Гурҷистон дастур дод.

Аммо Кохи Сафед мегӯяд, бо вуҷуди изҳороти президенти Русия дар бораи хатми хушунатҳо дар Гурҷистон қатъи амалиёти ҳарбии Русияро дар ин ҷо тасдиқ карда наметавонад.

Ин дар ҳолест, ки Ноиби сардори Ситоди умумии нерӯҳои мусаллаҳи Русия, Анатолий Ноговитсин гуфтааст, ҳарчанд ба ҷузвутомҳои артиш фармони оташбас дода шудааст, ин ба маъное нахоҳад буд, ки сарбозони Русия дар Гурҷистон ҳама гуна амалиёти хешро қатъ хоҳанд кард.

Мақомоти Гурҷистон мегӯянд, чандин минтақаи кишварашон ҳадафи бомбаборон қарор гирифта, ҳамлаҳои заминӣ низ идома доштаанд. Ба гуфтаи Кумиссариати олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон наздик ба 100 ҳазор нафар бар асари даргириҳо беҷо шудаанд.

Ширкати бузурги нафтии "Бритиш Петролиум" мегӯяд, интиқоли нафтро ба воситаи лӯлае, ки аз қаламрави Гурҷистон мегузарад, қатъ кардааст. Намояндаи ширкат гуфт, хабар надорад, оё лӯла аз бомбаборонҳои ҳавопаймоҳои Русия осеб дидааст ё на.

Президенти Гурҷистон, Михеил Саакашвилӣ дар раҳпаймоии даҳҳо ҳазор нафар дар Тифлис эълом дошт, Осетияи Ҷунбӣ ва Абхозистон расман минтақаҳои ишғолшуда ва посдорони сулҳи Русия нерӯҳои ишғолгар номида хоҳанд шуд. Вай ҳамчунин гуфт, кишвараш аз Ҷомеаи давлатҳои ҳамсуд хориҷ хоҳад шуд. Дар мулоқот бо хабарнигорон Саакашвилӣ гуфт: "Инро Гурҷистон сар накардааст. Ҳаргиз Гурҷистон шурӯъ накардааст. Ва мо ҳанӯз набохтаем. Мо ҳаргиз иҷоза нахоҳем дод, ки Гурҷистон ба порчаҳо тақсим шавад. Сухан аз миёнаҷои қаламравҳои гурҷист. Сухан аз хонаи таърихии Гурҷистон аст."

Ва НАТО мегӯяд, ваъдаи қабули Гурҷистон ба узвияти Паймони Атлантики Шимолӣ ба ҷои худ боқӣ мемонад ва бо вуҷуди даргириҳо бо Русия, Гурҷистон як рӯз узви ин созмон хоҳад гашт.

XS
SM
MD
LG